Песков гуфт, даъват ба артиш тавассути сафарбарсозӣ ба поён расида, аммо сафарбарсозӣ "тадбирҳо"-и дигарро мадди назар дорад. "Ин ба иҷрои вазифаҳои низомиҳо ва ашхоси ба онҳо баробар дахл дорад. Дар ин бахш сафарбарсозӣ идома мекунад", - гуфт Песков. Ба ин тартиб, Кремл бори аввал тасдиқ кард, ки фармони сафарбарсозӣ ё мобилизатсия бекор нашудааст.
21 сентябри соли 2022 президенти Русия Владимир Путин фармони сафарбарсозии аҳолии кишварашро ба ҷанги зидди Украина эълом кард. Рӯзи 28 октябр вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар бораи анҷоми сафарбарсозӣ хабар дод. Шойгу гуфт, дар доираи он маърака 300 ҳазор касро ба артиш даъват кардаанд. Аммо Путин фармони ба анҷом расидани сафарбарсозиро имзо накард.
Расонаҳои ғарбӣ пештар бо такя ба манобеи худ дар бахшҳои иктишофӣ навиштанд, ки Русия мумкин аст, мавҷи дувуми сафарбарсозиро эълом кунад. Ба навиштаи расонаҳо, дар мавҷи дувум мумкин аст, то ним миллион кас ба артиш даъват шаванд.