Ссылки доступа

Номи майдони "Аврупо"-и Маскав ба "Авруосиё" иваз шуд


Шаҳрдории Маскав номи майдони Аврупоро дар маркази пойтахти Русия ба майдони Авруосиё иваз кардааст.

Дар қарори шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар ин бора сабабҳои иваз шудани номи майдон гуфта нашудааст.

Ин майдон соли 2002 дар пойтахти Русия боз гашта, дар он парчами кишварҳои Аврупо ва муҷассамаи "Таҷовуз ба Аврупо"-ро, ки аз ҷониби Оливйе Стребелӣ, ҳайкалтароши белгиягӣ сохта шудааст, насб карда буданд. Муҷассамаро ҳукумати Белгия туҳфа карда буд.

Табдили номи майдон дар пасманзари сард шудани муносибатҳои Русия бо кишварҳои Аврупо ба далели ҷанг зидди Украина сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG