Кормандони муассисаҳои "буҷавӣ"-ро аз вилоятҳои Туркманистон барои иштирок дар чорабиниҳои идона иҷборан ба Ишқоод мефиристанд.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Балкан мегӯяд, барои иштирок дар чорабиниҳои идона аз ин вилоят ба Ишқобод ҳудуди 500 корманди муассисаҳои "буҷавӣ" иҷборан фиристода шудааст.
Ба гуфтаи хабарнигор, ҳамчунин рондани муҳоҷирони дохилӣ аз пойтахти Туркманистон низ оғоз шудааст. Рейди пулис алайҳи муҳоҷирони дохилӣ дар пойтахти Туркманистон аз 10 май шуруъ гаштааст.
Рӯзи конститутсия ва парчами давлатии Туркманистон ҳамасола 18 май таҷлил мешавад. Ин рӯз истироҳат эълом шудааст.
"Маъмурони пулис бар инанд, ки муҳоҷирони дохилӣ ҳусни шаҳрро коста мегардонад", - мегӯянд сокинони вилоятҳои Туркманистон.