Манбаъҳои хабаргузории расмии русии ТАСС ва расонаи мустақили The Insider иттилоъ додаанд, ки Головченко дар Қирғизистон боздошт ва ба Русия истирдод шудааст.
Ба гуфтаи манбаи ТАСС, наздикони Головченко дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва ӯ низ шаҳрвандии он кишварро дорад. Вай дар натиҷаи "ҳамкориҳои қудратиҳои қирғизу рус" дастгир гаштааст. Ҷузъиёти дигар ифшо намешавад.
The Insider бо истинод ба манбаи худ дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дода, ки Головченкоро 13 апрел, як рӯз баъд аз таркиши мошини Прозоров дар Маскав дар яке аз хиёбонҳои Бишкек боздошт карда, мустақиман ба фурудгоҳ бурдаанд. Дақиқ гуфта намешавад, ки ӯро қудратиҳои кадом кишвар дастгир кардаанд.
Головченко нафари дувум аст, ки дар робита ба таркиши мазкур дастгир мешавад. Номи гумонбари якумро ошкор намекунанд.
Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ таркишро кори Хадамои амнияти Украина номид.
Василий Прозоров аз соли 1999 дар Хадамоти амнияти Украина кор кардааст. Вай соли 2019 дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, аз соли 2014 бо ФСБ ҳамкорӣ мекард.