Ссылки доступа

Сафари туркманистониҳо ба Узбекистон афзоиш ёфтааст


Сафари шаҳрвандони Туркманистон ба Узбекистон давоми моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст. Туркманистониҳо асосан бо мақсади тиҷорат ва нақдина кардани пули кортҳои бонкии худ ба Узбекистон мераванд.

"Бештари туркманистониҳо ба вилояти Хоразм мераванд. Дар пасманзари идома ёфтани мушкилоти иқтисодӣ, имконоти тиҷорӣ миёни ду кишвар яке аз роҳҳои ба даст овардани даромад барои туркманистониҳо боқӣ мондааст", - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар вилояти Лебапи Туркманистон.

Туркманистониҳо ба Узбекистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ, гӯшт , зарфҳои пластикӣ ва асбобҳои барқӣ бурда, аз онҷо тамоку ва нушокиҳои спиртӣ меоранд.

"Ҳар як шаҳрванд метавонад яке аз ин маҳсулотҳоро то 100 кило ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳад. Мақомоти туркман ба шаҳрвандони худ иҷозат медиҳанд, ки то 10 қуттӣ тамоку ва то 2 литр нушокии спиртӣ ворид созанд. Вале агар дар гумрук шинос дошта бошед, метавонед то 200 қуттӣ тамоку ворид созед. Як қуттӣ тамоку дар Узбекистон 15-20 манат ва дар Туркманистон 80 манат аст", - гуфт яке аз тоҷирони Ишқобод, ки чанде қабл аз Узбекистон баргаштааст.

Мақомоти Туркманистон моҳи марти соли 2016 фурӯши маҳсулоти тамокуро якбора сахт маҳдуд карда, ҳаққи фурӯши сигорро танҳо ба Вазорати савдо ва иқтисоди хориҷии ин кишвар вогузор карданд. Дар натиҷа, нархи тамоку чанд баробар гарон шуд.

XS
SM
MD
LG