Ссылки доступа

Politico: Чин ба Русия аслиҳаи таҳоҷумӣ ирсол кардааст


Владимир Путин и Си Цзиньпин в Самарканде в сентябре 2022 года
Владимир Путин и Си Цзиньпин в Самарканде в сентябре 2022 года

Ширкатҳои чинӣ ба Русия ҳазор аслиҳаи таҳоҷумӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии дронҳо ва зиреҳ ворид кардаанд, ки мумкин аст, онҳоро дар ҷанг истифода бурд. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба ҷамъоварандаи маълумоти гумрукӣ - ImportGenius хабар медиҳад.

Воридсозии аслиҳа ва дигар дастгоҳҳо аз моҳи июн то декабри соли 2022 сурат гирифтааст. China North Industries Group Corporation Limited - яке аз ширкатҳои бузурги давлатии Чин моҳи июни соли 2022 ба ширкати "Техкрим"-и мақомоти Русия аслиҳа фиристодааст.

Ба иттилои Politico, туфанги навъи CQ-A, ки ба туфанги M16 амрикоӣ шабоҳат дорад, дар ҳуҷҷатҳо "туфанги шикорӣ" унвон шудааст. Дар Чин CQ-A-ро пулис ва дар Филиппину Судони Ҷанубӣ ва Парагвай онро низомиҳо истифода мебаранд.

Ба илова, ширкатҳои Русия тавассути Чин дар 12 маврид қисмҳои эҳтиётии дрон ва зиреҳ дарёфт кардаанд. Як ширкати дигари чинӣ дар моҳи декабр тавассути Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Русия қисмҳои эҳтиётии бесарнишин фиристодааст.

Дар ҷабҳаи ҷанг дар Украина истифодаи туфангҳои чинӣ аз ҷониби Русия мушоҳида нашудааст, аммо дронҳои навъи Mugin-5-ро артиши Украина суқут додааст. Ширкати Mugin Limited тасдиқ кард, ки дронҳои суқутдодашуда чинӣ ҳастанд. Ширкат истифодаи дронҳояшро дар ҷанг "таассуфангез" номид. "Мо истифодаи онҳоро қабул надорем. Мо ҳамаи талошро мекунем, ки ин корро манъ кунем", - гуфтааст дар суҳбат бо расонаҳо намояндаи ширкат.

Ба иттилои ImportGenius, Русия дар моҳи декабри соли 2022 аз Чин ба қимати 10 млн доллар зиреҳ ворид сохтааст. Ин зиреҳҳоро ширкати туркии Ariteks истеҳсол кардааст. Русия ҳамчунин аз Чин зиреҳ ворид сохтааст. Ширкати низомии "Рособоронэкспорт"-и Русия дар соли 2022 аз Чин, Сербистон ва Мянмар микрочип ва тепловизор дастрас кардааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен Чинро аз оқибатҳои ҷиддӣ ирсоли аслиҳа ба Русия ҳушдор дода буд.

XS
SM
MD
LG