Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон бо ин роҳ ба вакилони порлумони он кишвар аз Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" имкон фароҳам кард, ки ба бино ворид шаванд ва дар ҷаласаи кумита оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок кунад.
Дар натиҷа аъзои кумита тавонистанд лоиҳаи қонун "Дар бораи шаффофияти таъсири берунӣ"-ро, ки қарор аст рӯзи сешанбе дар ҷаласаи умумии порлумонӣ қабул шавад, дар қироати севум қабул кунанд.
Пулис иттилоъ дода, ки дар ҷараёни задухӯрд бо эътирозгарон ҳудуди 20 кас дастгир шудааст. Телевизионҳои мухолифи Гурҷистон дертар наворҳои латтукӯб шудани тазоҳургарон аз сӯи гуруҳи маъмурони пулисро намоиш доданд.
Эътироз дар Тбилиси (Тифлис) як моҳ боз идома дошт, вале рӯзи якуми май ва пас аз тасвиби қонун дар хониши дуюм хашми норозиён бештар шуд.
Гурҷистон дар соли 2008 ва пас аз як ҷанги кӯтоҳ бо Русия ва аз даст додани қисме аз қаламравҳояш, ҳамкориро бо Аврупо бештар карда буд. Ҳоло мухолифон мегӯянд, бо қабули ин қонун Гурҷистон худашро ба Русия наздик мекунад.
Зимни яке аз баррасиҳои қонун ду вакили порлумон бо ҳам занозанӣ карда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои тӯлонӣ, аксари вакилон дар ду даври хониш онро қабул карданд.