Ссылки доступа

Лаҳистон мехоҳад марзаш бо Русия ва Белорусро минагузорӣ кунад


Лаҳистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи барномаи чаҳорсолаи "Сипари шарқӣ" марзи худро бо Русия ва Белорус минагузорӣ кунад.

Дар ин бора радиои "RMF24"-и Лаҳистон бо истинод ба вазири дифои миллии он кишвар Владислав Косиняк-Камиш хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Лаҳистон барои тақвияти марзҳои худ 2,5 миллиард доллари амрикоӣ харҷ мекунад.

Сардори ситоди кулли Лаҳистон Вислав Кукул гуфтааст, кишвараш замоне марзҳои худро минагузорӣ мекунад, ки "ба ногузир будани ҷанг боварӣ дошта бошад".

Қаблан вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский гуфта буд, ки равуои дипломатҳои русро дар дохили ин кишвар маҳдуд мекунанд.

Равобити Русия ва Лаҳистон, пеш аз ҳама ба далели ҳамла ба хоки Украина аз ҳад зиёд сард шудаанд. Аммо ҷонибҳо бо вуҷуд муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳамро ҳифз кардаанд.

XS
SM
MD
LG