Дар ҳоли ҳозир як халта орди 50-килоӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Туркманистон аз 150 то 400 манат фурӯхта мешавад.
Орди аз ҳама арзонро дар шаҳри Кӯктеппа, зодгоҳи президенти Туркманистон мефурӯшанд. Дар фурӯшгоҳҳои шаҳр нархи 1 кило орд 2,5 манат аст.
Дар ҳоле ки фурӯшгоҳҳои пойтахт ва минтақаҳои дигари Туркманистон 1 кило ордро аз 3,5 то 4,2 манат мефурӯшанд.
Дар вилояти Лебапи Туркманистон як халта орди 50-килоӣ 370 манат аст.
Мақомоти Туркманистон чун ҳамеша болоравии қимати орд ва нонро шарҳ намедиҳанд.
Сокинони Туркманистон давоми 6 соли ахир ордро дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ арзонтар мехариданд ва ҳар як муштарӣ ҳақ дошт, ки дар моҳ 5 кило орди арзон бихарад. Нон низ бо ҳамин шева фурӯхта мешуд ва ҳар муштарӣ рӯзона 2-3 дона нони арзон харида метавонист.