Гегам Степанян, ваколатдори ҳуқуқи инсони ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ, ки ба мавҷудияташ хотима мебахшад, гуфт, рӯзи якшанбе охирин автобуси гурезаҳо аз Қарабоғ ба шаҳри Горис расид. Автобус 15 мусофир дошт. Степанян аз онҳое, ки дар бораи одамони танҳо ва ё ниёз ба кӯмак дар Қарабоғи куҳӣ иттилоъ доранд, даъват кард, ба Кумитаи байналхалқии Салиби сурх хабар диҳанд.
Ба иттилои мақомоти Арманистон, то шоми 1 октябр аз Қарабоғи куҳӣ ба Арманистон 100 514 муҳоҷири иҷборӣ ворид шудааст.
Дар Ереван гуфтанд, ибтидои соли ҷорӣ дар Қарабоғи куҳӣ ҳудуди 120 ҳазор армантабор зиндагӣ мекард. Намояндагони пешини ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ гуфтанд, айни замон минтақа тақрибан холӣ шудааст.
Арманистон рӯзи 30-юми сентябр гуфт, дар давоми камтар аз як ҳафтаи ахири баъди зери назорати Озарбойҷон гузашти Қаробоғи Кӯҳӣ, ҳудудан 100 ҳазор арманитаборҳо минтақаро тарк карданд.
Дар як муроҷиаташ ба додгоҳи СММ Ереван хост, ки шикояташ дар заминаи ҳадаф қарор додани арманитаборҳо аз ҷониби Боку баррасӣ швад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки аз миёни фирориҳои Қаробоғи Кӯҳӣ то имрӯз 81 ҳазор 139 нафарашон сабтином шудаанд ва бақайдгирии боқимондаҳо идома дорад.
Мақомоти Арманистон гуфтанд, ки дар шикояташон ба номи Додгоҳи байналмилалии СММ аз ба гуфтаашон поккориҳои қавмӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Озарбойҷон аз арманитаборҳо хост, ки дар ин минтақа бимонанд ва аз идораҳои СММ хост, ки барои ошноӣ ҳайати худро ба Қаробоғи Кӯҳӣ сафарбар кунанд.
СММ рӯзи 29 сентябр эълон кард, ки ба минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ як ҳайати худро мефиристад. Қаробоғи Кӯҳӣ як минтақаи аксар арманитабор дар ҳайати Озарбойҷон аст, ки давоми даҳсолаҳо амалан таҳти назорати арманиҳо буд.