Ссылки доступа

Дар рӯзи охири овоздиҳӣ дар интихоботи Русия ҳадди ақал 80 кас боздошт шуд


Дар Русия ҳадди ақал 80 касро дар 20 шаҳр боздошт кардаанд, хабар медиҳад тарҳи ҳомии ҳуқуқи "ОВД-Инфо".

Фаъоли ҷамъиятӣ Виталий Иоффро, ки дар баргаи раъйдиҳӣ "Нафрин бар шумо" навишт, баъди раъйдиҳӣ дар назди як истгоҳи метро дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт карданд. Ӯро ба идораи пулис бурданд, вале дертар озод карданд.

Ҳамчунин дар маркази Петербург пулис хабарнигори сомонаи "Фонтанка"-ро боздошт кард. Дар маҷмуъ, ба иттилои "ОВД-Инфо" дар Петербург шаш касро боздошт кардаанд.

Дар Қазон бештар аз 20 касро боздошт карданд. Пулис дертар ҳамаи онҳоро бидуни тартиб додани санад озод кардааст. "ОВД-Инфо" аз боздошти 29 кас хабар дод.

Дар Маскав аз боздошти 19 кас хабар доданд. Ба ин тартиб, дар саросари Русия аз боздошти бештар аз 80 кас хабар расидааст.

Элла Памфилова, раиси Комисияи марказии интихоботии Русия гуфт, дар ду рӯзи аввали интихобот дар 20 минтақаи Русия 21 кас талоши тахриби баргаҳои раъйдиҳӣ ва 8 тани дигар талоши оташ задани сандуқҳои раъйдиҳиро кардаанд. Дар пайи ин ҳодисаҳо ҳадди ақал 15 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG