Ссылки доступа

Марги қариб 30 кас дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як клуби шабона дар Истамбул


Дар маркази шаҳри Истамбули Туркия дар клуби шабонаи Masquerade оташ сар зад. Дар ин оташсӯзӣ 29 кас кушта ва як тан ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Истамбул, оташ соати 12:47 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар таҳхонаи бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ сар задааст. Дар ду ошёнаи таҳхона клуби шабона ҷойгир буд, ки дар он таъмир ҷараён дошт.

Ба иттилои пешакӣ, ҳамаи фавтидаҳо сохтмончиён ҳастанд.

Расонаҳои Туркия навиштанд, дар робита ба оташсӯзӣ шаш кас боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG