Канали Маркази ҳомии ҳуқуқи инсони "Мемориал" дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ дод, ки тибқи қарори додгоҳ, Ҳамроев се соли аввалро дар зиндони умумӣ паси сар карда, боқии ҷазоро дар маҳбаси дорои низоми сахт адо мекунад.
Вай ҳамчунин чаҳор сол ҳақ надорад, ки манбаъҳои интернетиро идора кунад.
Ҳамроев 24 феврали соли 2022 дар Русия боздошт шуд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ вайро дар таъсиси созмони террористӣ айбдор кард. Дар айбномаи хадамоти амнияти Русия омадааст, ки Ҳамроев "ба афроди дар терроризм айбдоршаванда кумаки ҳуқуқӣ расонида" ва "ба Додгоҳи байналхалқии ҳуқуқи инсон дар Страсбург шикоят навиштааст".
Тимофей Широков, вакили мудофеи Ҳамроев айбномаро ҳазён номида буд.
Баҳром Ҳамроев зодаи Бухорои Узбекистон аст, ки соли 1992 ин кишварро тарк кардааст. Давоми 25 соли охир ӯ дар Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезаҳо ва мусалмонон ҳимоят мекард.