Ба хабари Кремл, Владимир Путин рӯзи 3-юми сентябр ба Улан-Батор, маркази Муғулистон, хоҳад рафт.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар моҳи марти соли 2023 дастури боздошти президенти Русияро баровард.
Ӯ ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Белова ба ҷинояти ҷангӣ ва интиқоли маҷбурии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русия муттаҳам ҳастанд.
Мария Елена Виноли, мушовири аршади Human Rights Watch, рӯзи 2-юми сентябр дар баёнияе гуфт, Муғулистон бояд ҳамчун узви Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ масъулиятҳои худро иҷро кунад.
Вай афзуд, истиқбол аз Путин “на танҳо таҳқири қурбониёни ҷиноятҳои нерӯҳои Русия аст, балки ин усули муҳимро, ки ҳеч кас, новобаста аз қудраташ, болотар аз қонун нест, халалдор мекунад.”
Муғулистон дар соли 2003 узви Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ шуд. Ин кишвар тибқи қарордод вазифадор аст, бо Додгоҳ ҳамкорӣ карда, ҳар гумонбареро, ки ба хокаш медарояд, боздошт ва таслим намояд.