"Бюрои миллии зидди фасод ва Додситонии махсуси мубориза бо фасоди Украина фасодкории густардаеро дар Додгоҳи олии кишвар ошкор карданд. Аз ҷумла нақшаи фоида ба даст овардани раҳбарияти додгоҳ ва додрасҳои он ошкор шудааст", - омадааст дар иттилоияи бюро.
Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Сергей Лешенко гуфт, Князев ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми $2,7 млн дастгир шудааст.
Князев аз 1 декабри соли 2021 раиси Додгоҳи олии Украина буд.
Додгоҳи олии Украина гуфтааст, ки дар робита ба ин ҳодиса ҷаласа баргузор ва онро дертар шарҳ хоҳад дод.