Ссылки доступа

Ҷаласаи фаврии сарвазири Бритониё дар робита ба беназмиҳо


Сарвазири Бритониё Кит Стармер рӯзи душанбе дар робита ба идома ёфтани беназмиҳо дар кишвараш бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва хадамоти махсус ҷаласаи фаврӣ баргузор кардааст.

Стармер эътирозҳо дар Бритониёро "хушунаткорӣ" номидааст. Ӯ талаб кардааст, ки барои барқарор кардани тартибот дар кишвар "артиши афсарони мутахассис" ташкил шавад, вале дақиқ нагуфтааст, ки танҳо афсарони пулисро дар назар дошт ё низомиҳоро низ мехоҳанд ҷалб кунанд.

Ба иттилои Би-би-сӣ, Стармер гуфтааст, дар баробари иштирокдорон зидди онҳое ҳам парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад, ки дар Интернет сокинонро ба беназмӣ даъват мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Бритониё Иветт Купер хабар дода, ки дар маҳбасҳои ин кишвар аллакай барои "ақалияти авбошон" ҷой омода ва додситону муфаттишони иловагӣ сафарбар карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз аввали эътирозҳо дар Бритониё беш аз 140 кас дастгир гаштааст.

Рӯзи 29 июл ба студияи раққосие дар Саутпорти Бритониё ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа се духтарча кушта ва ҳудуди 10 кас бо корд захмӣ шуданд. Дар робита ба ин ҳодиса навраси 17-сола дастгир ва ҳабс гашт.

Эътирозҳои Бритониё баъди он ба бетартибӣ печид, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ба кудакон як муҳоҷири тундгарои мусулмон ҳамла кардааст. Ҳарчанд пулис ин иддаоро рад карда, гуфт, гумонбар Аксел Рудакубана дар Бритониё таваллуд шуда, волидонаш зодаи Руанда ҳастанд.

XS
SM
MD
LG