Ссылки доступа

Сарвазири Ҷопон писарашро барои шабнишинӣ дар қароргоҳи расмӣ аз кор ронд


Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида писари калонии худ Сётаро Кисидаро баъди нашри хабарҳо дар бораи он ки ӯ дар қароргоҳи расмӣ шабнишинӣ ташкил кардааст, аз мақоми котиби шахсӣ дар умури сиёсӣ барканор кард.

Ҳафтаномаи "Сюкан буншун"-и Ҷопон ахиран аксҳоеро аз як шабнишинии солинавӣ дар қароргоҳи расмӣ нашр кард. Дар аксҳо Сётаро Кисидаи 32-сола ва аъзои хонаводааш дар пушти минбари нишастҳои расмии матбуотӣ ва рӯи қолинҳои сурхи зинапояи асосии қароргоҳ дида шуда, зоҳиран онҳо аксгирии анъанавии вазиронро баъди таъйинот тақлид кардаанд.

"Амали ӯ дар мақоми давлатии котиби умури сиёсӣ номуносиб буд ва тасмим гирифтам, ки вайро барканор кунам, то натиҷаи кори худро дарк кунад", - изҳор доштааст сарвазири Ҷопон дар шарҳи фармони барканории писараш. Такаёси Ямамото ба ҷои Кисида котиби шахсии сарвазири Ҷопон таъйин шудааст.

Сётаро Кисида моҳи октябри соли 2022 котиби шахсии падараш таъйин шуда буд. Дар сиёсати Ҷопон таъйини аъзои хонаводаи сарвазир ба мақомҳои давлатӣ дар доираи омода кардани ворисон як амали маъмулӣ аст.

Қаблан, дар моҳи январи имсол Сётаро Кисидаро барои истифода аз мошинҳои сафоратхона ҳангоми сайругашт дар шаҳрҳои Лондону Париж ва хариди туҳфаҳо барои вазирон аз фурушгоҳи маъруфи Лондон танқид карда буданд.

XS
SM
MD
LG