Ссылки доступа

Сарвазири Сербистон: Русия моро аз тазоҳуроти мухолифон огаҳ карда буд


Сарвазири Сербистон Ана Брнабич гуфт, хадамоти махсуси Русия ҳукумати кишварашро аз эҳтимоли сар задани бетартибӣ дар ҷараёни ҳамоиши эътирозии мухолифон дар Белград огаҳ кардааст.

"Моро хадамотҳои махсус огаҳ карда буданд. Аз ҷумла, хадамоти махсуси Русия ба мо иттилоъ дода буд", - изҳор доштааст Брнабич.

Ба гуфтаи ӯ, ин маълумот ҳанӯз дар давраи маъракаҳои пешазинтихоботӣ пешниҳод шуда буд, вале сафирони кишварҳои ғарбӣ ба мо тавсия доданд, ки ба Русия бовар накунем.

Қаблан президенти Сербистон Александр Вучич ҳам гуфт, ки хадамоти махсуси хориҷӣ онҳоро аз эҳтимоли сар задани бетартибиҳо огаҳ кардааст, вале ӯ дақиқ нагуфт, ки хадамоти махсуси кадом кишвар ин маълумотро додааст.

Бузургтарин эътилофи мухолифи Сербистон - "Сербистон зидди хушунат" 24 декабр бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихоботи маҷлиси шаҳрии Белград дар рӯзи 17 декабр ҳамоиши эътирозӣ баргузор кард. Дар ин интихобот ҳизби ҳокими Сербистон баранда эълом шуд. Мухолифон гуфтанд, ҳангоми ҳисоби овозҳо тақаллуб шудааст.

Ин ҳамоиши эътирозӣ ба занозании як қисми иштирокдорон бо кормандони пулис анҷомид.

XS
SM
MD
LG