Ссылки доступа

Макрон истеъфои сарвазири Фаронсаро пазируфт


Габриэл Аттал
Габриэл Аттал

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон истеъфои сарвазири ин кишвар Габриэл Атталро пазируфт. Акнун аъзои ҳукумати ӯ то ташкили ҳукумати нав танҳо вазифаҳои техникиро анҷом медиҳанд.

Хабаргузории "AFP" навишта, ки сиёсатмадорони фаронсавӣ баъди интихоботи пешазмуҳлати порлумонии аввали моҳи июли имсол вориди бунбаст шудаанд.

Ҳизбҳои сиёсии ин кишвар дар порлумон талош доранд, то эътилофи аксариятро ташкил кунанд, вале то ҳол номзаде ба мақоми сарвазирӣ муаррифӣ нашудааст.

Дар даври дуюми интихоботи порлумонии Фаронса ҷабҳаи росту марказгарои “Ҳамроҳ барои ҷумҳурӣ” аз аксар курсиҳо маҳрум шуд. Аз рӯи шумори курсиҳо эътилофи ҳизбҳои чапгарои “Ҷабҳаи мардумии нав” пеш гузашт. “Иттиҳоди миллӣ”-и ростгаро, ки дар даври аввали интихобот ғалаба мекард, дар ҷои сеюм қарор гирифт.

Ҳаминтариқ “Ҷабҳаи мардумии нав” 182 курсиро соҳиб шуд. Эътилофи ҷонибдори президент “Ҳамроҳ барои ҷумҳурӣ” 168 курсиро бурд. “Иттиҳоди миллӣ” соҳиби 143 курсии маҷлис гардид. Ҷумҳурихоҳон 45 ҷой гирифтанд. Дигар ҳизбҳо дар маҷмӯъ 39 курсиро бурдаанд. Ҳеҷ як ҳизбу иттиҳоди сиёсӣ натавонист аксари курсиҳоро барад. Дар порлумони Фаронса 577 ҷой ҳаст ва барои соҳибии аксари курсиҳо 289 ҷой лозим аст.

Қаблан Аттал Макронро огоҳ карда буд, ки барои истеъфо омода бошад.

XS
SM
MD
LG