"Пешниҳоди вакилони порлумон бо розигии раҳбари давлат ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ ворид карда шудааст", - гуфт сухангуи президенти Қазоқистон Руслан Ҷелдибой.
Ба гуфтаи ӯ, Тоқаев "нақши ҳалкунандаи президенти пешин Нурсултон Назарбоевро дар таҳкими давлатдории муосири Қазоқистон ва ташаккули пойтахт ҳамчун далели таърихӣ медонад ва бинобар ин, иншоотҳои дигари ба номи Назарбоев номи худро ҳифз хоҳанд кард.
Як гуруҳ аз вакилони порлумони Қазоқистон ибтидои моҳи сентябр пешниҳод карда буданд, ки пойтахти ин кишвар дубора Остона номгузорӣ шавад.
Дар Қазоқистон шаҳри Остона - пойтахти он кишвар ба номи Назарбоев гузошта шудааст. Ҳамчунин фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон ҳам номи Назарбоевро дорад. Ба ҷуз инҳо, кӯчаҳои марказии чандин шаҳри Қазоқистонро ба Назарбоев табдили ном карданд. Дар он кишвар Мактабҳои интеллектуалии Назарбоев ҳам амал мекунанд. Дар чандин шаҳри дигари Қазоқистон пайкараҳои Назарбоев қомат афрохтаанд.
Назарбоев дар соли 1991 дар Қазоқистон сари қудрат омад ва моҳи марти соли 2019, баъди қариб 30 соли роҳбарӣ аз мақом канор рафт. Ҳанӯз дар соли 2017 Назарбоев гуфта буд, ки иҷозат нахоҳад, мақомот пайкараҳояшро созанд ва кӯчаву хиёбонҳоро ба ифтихори вай номгузорӣ кунанд.