Ссылки доступа

Президенти Лаҳистон гуфт, ба Украина ҳавопаймоҳои зарбазан мефиристад


Лаҳистон дар рӯзҳои наздик ба Украина чаҳор ҳавопаймои зарбазани навъи МиГ-29 мефиристад. Дар ин бора президенти он кишвар Анҷей Дуда рӯзи 16 март хабар дод.

Ин нахустин тасдиқи расмии ирсоли ҳавопаймо ба Украина аст. Украина аз оғози ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 то ин замон аз ҳампаймонони байналхалқиаш ҳавопаймои низомӣ дархост мекард.

Дуда баъд аз мулоқоташ бо президенти Ҷумҳурии Чех Петр Павел дар бораи ирсоли ҳавопаймоҳо ба Украина хабар дод. Ба эҳтимоли зиёд ин ҳавопаймоҳое ҳастанд, ки Лаҳистон дар соли 1995 аз Ҷумҳурии Чех дастрас карда буд.

Артиши Украина аз ҳавопаймоҳои навъи МиГ-29 истифода мебарад. Ин ҳавопаймоҳо истеҳсоли шӯравӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG