Ссылки доступа

Президент истеъфо медиҳад, мухолифон ҳукумат месозанд


Акция с требованием отставки президента Шри-Ланки, Коломбо, 9 июля 2022 года
Акция с требованием отставки президента Шри-Ланки, Коломбо, 9 июля 2022 года

Намояндагони ҳизбҳои мухолиф дар Шри-Ланка рӯзи 10-уми июл чигунагии ташкили ҳукумати навро баҳс карданд.

Президенти он кишвар Готабая Раҷапакса ва нахуствазир Ранил Викремесингҳе баъди он ба истеъфо розӣ шуданд, ки мардуми хашмгин аз буҳрони иқтисодӣ рӯзи 9-уми июл ба қароргоҳи ҳарду раҳбар ҳамла карда, яке аз биноҳоро оташ заданд.

Тибқи Қонуни асосии Шри-Ланка, ҳангоми истеъфои ҳам раиси ҷумҳурӣ ва ҳам сарвазир, раиси порлумон муваққатан масъулияти президентро иҷро мекунад.

Сарвазири Шри-Ланка гуфтааст, баъд аз таъсиси ҳукумати нав мақомашро тарк мекунад. Раиси порлумон гуфта, ки президент 13-уми июл аз қудрат канор хоҳад рафт.

Буҳрони иқтисодӣ дар Шри-Ланка баъди он ба вуҷуд омад, ки пандемияи COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ, бахши муҳими иқтисоди он кишвар, зарба зад. Дар ин муддат муҳоҷирон низ фиристодани пулро аз хориҷа кам кардаанд.

XS
SM
MD
LG