Фармони Байден, ки 4 июн нашр шуд, ба мақомоти Амрико ҳақ медиҳад, дар сурати афзоиши шумори паноҳҷӯён дар рӯз аз 2500 кас муҳоҷирони ғайриқонуниро зуд ихроҷ кунанд.
Ба иттилои "Axios", дар ҳоли ҳозир шумори рӯзонаи муҳоҷироне, ки аз Мексика ба Амрико ғайриқонунӣ ворид мешаванд, 3700 нафарро ташкил медиҳад.
Қоидаи нав пуштибонии Байденро аз лоиҳаи қонуни пешниҳодии сенаторони амрикоӣ нишон медиҳад. Лоиҳаи қонун пешниҳод мекунад, дар сурати афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии боздоштшуда аз меъёри таъйингашта дархости паноҳандагии онҳо рад карда шавад.
Лоиҳаи қонунро як гуруҳи сенаторҳо таҳия карда буданд, вале онро ҷумҳурихоҳон баъди зид баромадани президенти пешини Амрико Доналд Трамп напазируфтанд.