Ссылки доступа

Президенти Туркия аз шомилшавии Шветсия ба НАТО ҳимоят кард


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон розӣ шуд, ки аз дархости Шветсия барои шомилшавӣ ба НАТО ҳимоят кунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар остонаи саммити НАТО дар Вилнюс хабар дод.

Ба гуфтаи Столтенберг, Эрдуғон ваъда кардааст, ки ба зудӣ санади қабули Шветсияро ба НАТО ба порлумони Туркия ирсол мекунад. "Ман бо хушнудӣ эълом мекунам, ки президент Эрдуғон розӣ шуд, дархости Шветсияро ба зудӣ ба Ассамблеи миллӣ ирсол кунад", - гуфт дабири НАТО.

Шветсия барои шомил шудан ба НАТО моҳи майи соли 2022 дархост дода буд. Дархости Шветсияро бояд ҳамаи 31 кишвари узви НАТО тасдиқ кунанд. Ҳоло танҳо Туркия ва Маҷористон (Венгрия) онро тасдиқ накардаанд.

Туркия аз Шветсия истирдоди мухолифон ва аъзои ҳаракати Курдҳоро талаб карда буд, ки онҷо паноҳандагӣ доранд. Туркия онҳоро террорист эълом кардааст.

Дар суханронии пеш аз сафар ба Вилнюс Эрдуғон гуфт, Туркия аз талабҳои худ даст намекашад. Ба ҷуз ин вай гуфт, ки пеш аз тасдиқи дархости Шветсия, Иттиҳоди Аврупо бояд роҳи Туркияро барои шомил шудан ба созмон ҳамвор кунад.

Туркия аз соли 1999 номзад барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо аст. Гуфтугуҳои Туркия барои шомил шудан ба иттиҳод соли 1987 шуруъ шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо Туркияро барои помолсозии ҳуқуқи инсон, набуди волоияти қонун ва иқтисоди заъиф танқид мекунад. Соли 2018 мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфта буданд, ки узвияти Туркия дар солҳои наздик дар иттиҳод ғайривоқеист.

XS
SM
MD
LG