Ссылки доступа

Дар таркише дар пойтахти Сомалӣ на камтар аз 100 кас кушта шуд


Место взрывов в центре Могадишо
Место взрывов в центре Могадишо

Дар шаҳри Могадишо, пойтахти Сомалӣ рӯзи шанбеи 29 октябр ду таркиши азим рух дод. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, на камтар аз 100 кас кушта ва бештар аз 300 тани дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин таркиш гуруҳи тундгарои "Ал-Шабоб"-ро гумонбар мекунанд.

Ҳар ду таркиш дар як ҷо рух дод: дар чорроҳаи маркази шаҳр, дар наздикии бинои вазорати маорифи он кишвар, ки маъмулан макони серодам буд. Нахуст мошини дорои маводи тарканда мунфаҷир шуд ва дертар, вақте пулис ва ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса омад, таркиши дувум рух дод.

Дар ин чорроҳа панҷ сол пеш, 14 октябри соли 2017 таркиши дигар рух дода буд, ки он замон наздики 500 кас кушта ва 300 тан маҷруҳ шуда буданд.

Президенти Сомалӣ Ҳассан Шайх Маҳмуд ҳодисаи охирро "ҳамлаи бераҳмона ва тарсуёнаи террористӣ" унвон кард. Вай дар ин ҳамла гуруҳи "Ал-Шабоб"-ро гумонбар кард. "Ал-Шабоб" одатан таркишҳоро бар уҳда намегирад.

"Ал-Шабоб" - гуруҳи тундгароест, ки бо "Ал-Қоида" ва "Боко Ҳарам" робита дорад. Ҷангҷӯёни "Ал-Шабоб" қисме аз минтақаҳои Сомалиро таҳти назорат доранд. Ин гуруҳ дар Сомалӣ чандин таркиш ташкил кардааст.

XS
SM
MD
LG