Ссылки доступа

Дар заминларзаи рӯзи якшанбе дар Индонезия 162 кас кушта шуд


Последствия землетрясения в Индонезии, 21 ноября 2022
Последствия землетрясения в Индонезии, 21 ноября 2022

Дар ҷазираи Яваи Индонезия рӯзи якшанбе заминларзаи шадиде рух дод. Неруи он 5,6 дараҷаи Рихтер баҳо дода мешавад. Дар натиҷаи заминларза ба камиаш 162 кас кушта, 300 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қариб 14 ҳазор сокини ҷазираи мазкур аз манзилҳои худ маҳрум шуда, ҳоло дар урдугоҳҳо ҷойгир шудаанд.

Губернатори Яваи Ғарбӣ Ридван Камил хабар дод, ки шумори куштаву захмиҳо мумкин аст, афзоиш ёбад. Наҷотдиҳандагон ба ҷустуҷӯи сокиноне пардохтанд, ки эҳтимол зери харобаҳо дар мондаанд.

Ба иттилои наҷотдиҳандагон, заминларза бештар аз 2300 манзил, чаҳор мактаб ва як беморхонаву як масҷидро хароб кардааст.

Индонезия дар ҳалқаи вулқонҳои минтақаи уқёнуси Ором - яке аз минтақаҳои зилзилахези дунё ҷойгир аст. Бузургтарин заминларза дар Индонезия дар ҷазираи Суматра соли 2004 ва бо шиддати 9,1 дараҷа рух дода буд. Он заминларза дар 14 кишвар эҳсос шуда, 226 ҳазор қурбонӣ дошт. Нисфе аз 226 ҳазор қурбонӣ сокинони Индонизия буданд.

XS
SM
MD
LG