Ссылки доступа

Дарёфти шиносномаи русӣ барои шаҳрвандони Белорус, Қазоқистон ва Молдова осон шуд


Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне дарёфти шаҳрвандии кишварашро барои зодагони Белорус, Қазоқистон ва Молдова осонтар кард.

Бар асоси қоидаи нав, талаботи зисти доимии панҷсола пеш аз дархости шаҳрвандӣ, донистани таърих ва қонунгузории Русия барои шаҳрвандони се кишвар бекор карда шудааст. Ҳамчунин шаҳрвандони Белорус аз забони русӣ имтиҳон нахоҳанд супурд.

Путин моҳи майи имсол низ бо имзои фармоне дарёфти шаҳрвандии Русияро барои хориҷиҳое, ки бо Вазорати дифои ин кишвар шартнома имзо карда, зидди Украина меҷанганд, осон карда буд.

Тибқи фармон, шаҳрвандони хориҷӣ ё бешаҳрвандие, ки дар дар давраи ҷанги Украина ба муҳлати як сол бо Вазорати дифои Русия қарордод бастаанд, метавонанд ба тариқи содда шиносномаи русиро ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG