Ба ин тартиб, Айгерим Тлеужан 4 сол зиндонӣ шуд. Фаъолон Калас Нурпеисов, Нурлан Далибоев, Ёрмуҳаммад Шилибоев ва Жан-Айдар Карменов 8-солӣ зиндонӣ шуданд.
Фаъолон ва вакилони мудофеи онҳо гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.
"Ҳеч "Қазоқистони нав"-е инҷо нест. Он чӣ онҳо мекунанд, беадолатӣ аст! Аммо сарфи назар аз он ки маро чанд сол зиндонӣ мекунанд, тавре пештар гуфтам: гардан хам намекунам, зону намезанам! Инҷо бояд Тоқаевро муҳокима кунанд, ки аз 20 ҳазор террорист хабар дода буд ва Берик Асилов (додситонии кулли Қазоқистон)-ро, ки хабари дурӯғ паҳн карда буд", - гуфт Айгерим Тлеужан баъди эъломи ҳукми додгоҳ.
Тафтишот мегӯяд, Тлеужан ва Нурпеисов ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 "ташкилкунандагони бетартибиҳои оммавӣ" дар ҳудуди фурудгоҳ буданд ва "талош кардаанд, ки монеи парвози ҳавопаймоҳо шаванд".
Эътирозгарон бинои фурудгоҳи Алматоро рӯзи 5 январи соли 2022 ғасб карданд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пештар гуфта буд, ки эътирозгарон "фурудгоҳ ва панҷ ҳавопаймо, аз ҷумла ҳавопаймоҳои хориҷиро ғасб карданд" ва ин яке аз сабабҳое буд, ки вай аз кишварҳои узви СПАД кӯмак дархост кунад.
Эътирозҳои оммавӣ, ки ба бетартибиҳо печиданд, дар Қазоқистон рӯзи 4 январи соли 2022 шуруъ шуда буданд. Дар ибтидо сокинон зидди гароншавии қимати газ эътироз доштанд. Дар рӯзҳои баъдӣ эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст.