Ссылки доступа

Дар Узбекистон 12 пулиси пешинро барои шиканҷа ва марги боздоштшудае зиндонӣ карданд


Додгоҳи вилояти Андиҷони Узбекистон 12 корманди пешини пулиси маҳаллиро то чаҳорсолӣ зиндонӣ кард. Кормандони пешини пулис дар шиканҷаи боздоштшуда Санҷарбек Мамаҷонов айбдор шуданд. Мамаҷонов дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст.

Ба иттилои додгоҳ, кормандони пешини пулис моҳи марти соли 2022 сокини 32-солаи ноҳияи Шаҳрихон Санҷарбек Мамаҷоновро ба боздоштгоҳи вилояти Андиҷон бурдаанд. Баъди латту кӯб ба боздоштшуда кӯмаки тиббӣ нарасонида, дар утоқ ҷойгир ва дубора латту кӯб кардаанд. Боздоштшуда баъди севуним соат фавтид.

Чанд даҳсола аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирокчии Конвенсияи зидди шиканҷа ҳастанд. Сарфи назар аз ин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузоришҳои солонаи худ менависанд, ки кишварҳои минтақа оинномаи Конвенсияро риоя намекунанд: одамон аз муносибати бераҳмона ва дигар шаклҳои таҳқир дар амон нестанд.

XS
SM
MD
LG