Ссылки доступа

Баҳси IMEI. Хадамоти гумрук аз "афв" гуфт, сокинон аз душворӣ (видео)


Владельцев смартфонов в Таджикистане заставляют платить за IMEI-регистрацию гаджета: как это происходит
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:21 0:00

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дуздона (қочоқӣ) ба кишвар овардани телефонҳои мобилиро то замони ҳатмӣ шудани сабтиноми онҳо тасдиқ кард. Хуршед Каримзода гуфт, мушкили сабт шудани ин телефонҳоро мебоист худи тоҷирон ҳал мекарданд.

"Воридоти телефонҳои мобилӣ бениҳоят кам буд. Дар аксари ҳолат, бале, ба таври қочоқ меомад. Пас аз ҳатмӣ шудани сабтиноми IMEI, мағозаву шахсони алоҳидае, ки ба ворид кардани ин намуди молҳо машғул буданд, худашон бояд ба расмият медароварданд,” – шарҳ дод ӯ дар нишасти матбуотӣ дар ҳафтаи гузашта.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти IMEI-и телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро дар моҳи марти соли 2020 содир кард, аммо сабти он дар тобистони соли 2023 ҳатмӣ шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, сокинон ҳангоми овардани телефон аз хориҷа дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ метавонанд ройгон рамзи IMEI-ро сабт кунанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи масъулон, ин дастгоҳ қочоқӣ шумурда мешавад ва барои расмӣ кардани он бояд молиёт (андоз) ва пули рамзро пардохт.

Хуршед Каримзода дар посух ба ин суол ки бо вуҷуди назорати гумрукӣ тоҷирон ё шахсони алоҳида чӣ гуна тавонистанд телефонҳои мобилиро дуздона ё бе сабти IMEI ба кишвар биоранд ва ҳоло ҷабри онро харидорон мекашанд, гуфт: “Мегӯянд, як рафиқам фиристод ва ман дар бағоҷ овардам. Ҳоло он ки тамоми тартиби бақайдгирӣ ҳаст. Барои ҳар шаҳрванд, вақте аз хориҷ бо худ мол меорад, тартиби барасмиятдарории гумрукии Т6 ҳаст”.

Дар Хадамоти гумрук ҳамчунин гуфтанд, ки тамоми телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро ки то замони ҳатмӣ шудани сабти IMEI вориди кишвар шудаанд, авф карданд.

Аммо сокинон чизи дигар мегӯянд. Баҳриддин Сангимадов, сокини шаҳри Кӯлоб, ба мисли даҳҳо нафар шикоят дорад, ки мақомот дар гузаргоҳҳои гумрукӣ онҳоро огоҳ намекунанд, то телефонҳояшонро сабтином кунанд. Ҳамин бепарвоии мақомот ҷабр ба ҷайби муштариён мешавад.

“Телефонамро дар Русия харида будам. Моҳи ноябри 2023 ба ватан баргаштам ва дар он вақт алакай қонуни сабти ҳатмии телефонҳо амал мекард. Дар фурудгоҳ касе ба мо чизе нагуфт ва нафаре ҳам он ҷо набуд, ки телефонҳоро сабтином кунад. Ду ҳафта баъд телефонамро хомӯш карданд. Сипас 390 сомонӣ додаму телефонам фаъол шуд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар дӯкону мағозаҳо на ҳама телефонҳо аз расмиёти гумрукӣ гузаштаанд. Тоҷирон ҳам дақиқ намедонанд, ки телефонҳои мобилӣ чигуна бидуни расмиёт вориди бозор шудаанд. Онҳо мегӯянд, агар ҳангоми фурӯш пардохтҳои гумрукиро ба нархи телефон илова накунанд, зиён мебинанд.

“Агар телефон 2000 сомонӣ бошад, 260-270 сомонӣ сабтином ва боҷи гумрукӣ зам мешавад. Агар ба болои нархи телефон харҷи пардохтҳоро илова накунем, албатта, зарар мебинем,” – афзуд тоҷир Рамазон Саидзода.

Хадамоти гумрук мегӯяд, барои аз сабтиноми телефонҳо аз шаҳрвандон 15 дарсади нархи мол ҳамчун андоз аз арзиши иловашуда ва 10 доллар хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки бар иловаи ин 50 сомонӣ пули сабти IMEI ҳам аз сокинон гирифта мешавад. Дар сурати сабт накардани IMEI телефон аз сӯи ширкати “Нет Солюшнз” хомӯш карда мешавад. Ширкате, ки мақомот моликонашро ошкор намекунанд.

Мутахассисон машварат медиҳанд, ки сокинон пеш аз харидани телефонҳои мобилӣ бояд қонунӣ ё қочоқ будани телефонҳоро санҷанд. Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои нав, мегӯяд:

“Ҳамаи рақамҳо аз лаҳзае ки ба ин ё он шабака пайваст мешавед, аллакай дар онҷо сабт мешавад. Аз ҳамин нуқтаи назар набояд як қадами зиёдӣ ба дӯши харидорон ё тоҷирон бор карда шавад. Аз тарафи дигар чигуна мо фаҳмем, ки ин телефон қочоқ нест. Маҷбур ҳастем ба воситаи сомонаи IMEI.tj рақамҳоро санҷем, то мутмаин шавем, ки таҷҳизот ба таври қонунӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст. Мутаассифона, ин ягона роҳ аст”.

Бар асоси омори расмии Хадамоти гумрук дар 11 моҳи соли гузашта 223 телефони қочоқӣ ошкор шудааст. Хуршед Каримзода гуфт, ҳадафи асосии сабтиноми ҳатмии телефонҳои мобилӣ пешгирӣ аз овардани телефонҳои дуздона аст. Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳадаф зери назорат доштани телефону дастгоҳҳои дигари шаҳрвандон аст.

XS
SM
MD
LG