Ссылки доступа

Писари Байден дар хариди ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста шуд

Ҳантер Байден
Ҳантер Байден

Ҳайати доварони додгоҳи ИМА Ҳантер Байден, писари президенти ин кишвар Ҷо Байденро дар ғайриқонунӣ дарёфт кардани аслиҳа гунаҳкор донистанд.

Бар асоси бандҳои эъломшуда, ба писари Байден то 25 соли зиндон ва то 750 ҳазор доллар ҷарима таҳдид мекунад. Аммо ҳуқуқшиносони амрикоӣ мегӯянд, тибқи таҷрибаҳои додгоҳӣ эҳтимол аст, ӯ зиндонӣ нашавад.

Ба иттилои CNN, додраси иёлати Делавэр Мэриэллен Норейка гуфт, то 120 рӯз лозим аст, ки ӯ ҳукмро содир кунад. Ин маънои онро дорад, ки ҳукм дар миёнаҳои моҳи октябри имсол, пеш аз интихоботи президентии Амрико эълом мешавад.

Ҳантер Байден ҳангоми харидории таппонча ошкор накардааст, ки маводи мухаддир истеъмол мекунад. Ҳангоми ошкор кардани ин ҳолат мумкин буд, ба ӯ таппонча нафурӯшанд.

Писари президенти ИМА ҳамчунин дар доираи ду парвандаи дигар баҳси додгоҳӣ дорад. Ӯро дар сарпечӣ аз пардохти андоз аз даромадҳои хориҷӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG