Дар таҳқиқоти "Проект" бо номи "Пссы войны" ҳамчунин гуфта шудааст, ки олигархҳо дар робита ба ҷанги Украина чи нақш доранд.
Тибқи иттилои расона, маблағи умумии қарордодҳои бозе, ки соҳибкорони Русия бо Вазорати дифои ин кишвар дар тамоми давраи даргириҳои низомӣ бо Украина, аз соли 2014 то соли 2023 бастаанд, на камтар аз 220 миллиард рублро ташкил медиҳад.
"Проект" афзуда, ки зидди 80 тани ин олигархҳо таҳрим ҷорӣ шудааст. Танҳо 14 олигарх ба рӯйхати таҳримшудаҳои ҳамаи кишварҳои ҳампаймони Украина шомил гаштааст.
Дар таҳқиқот аз олигархҳо Алексей Мордашов ("Северсталь"), Владимир Потанин ("Норникель"), Вагит Алекперов ("Лукойл"), Михаил Фридман (LetterOne), Роман Абрамович (Millhouse), Геннадий Тимченко ("Новатэк"), Алишер Усмонов (USM), Юрий Ковалчук (Банк "Россия") ва Аркадий Ротенберг ("Мостотрест") ном гирифта шудааст.