Дилшод Саидмуродов моҳи март ба гуноҳи қатли Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини аввали раиси “Ориёнбонк”, ба ҳабси абад маҳкум гардид.
Яке аз наздикони Соҷида Саидмуродова ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби додситон рӯзи 6-уми июн садо додааст. “Бояд вакили мудофеъ ва Саидмуродова дар додгоҳ сухан бигӯянд. Сипас додрас ҳукми худро эълон мекунад,” – афзуд мусоҳиби мо бе зикри номаш рӯзи 18-уми июн.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи сешанбе барои гирифтани шарҳи расмӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар Додгоҳ бо баҳонаи идома доштани баррасии парванда маълумот надоданд.
Соҷида Саидмуродова дар моҳи сентябри соли 2023 боздошт шуд. Дар оғоз ӯро ба қаллобӣ муттаҳам мекарданд. Манобеи огоҳ аз парванда гуфтанд, алайҳи Саидмуродова дар умум бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Инҳо:
- қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (қисми чори моддаи 247, банди б);
- худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он (қисми дуи моддаи 338, банди б);
- сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ (қисми дуи моддаи 340, бандҳои а, б, в);
- дахолат кардан ба кори муфаттиш бо мақсади монеъ шудан ба таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакии парванда (қисми дуи моддаи 345).
Мақомот парвандаи Соҷида Саидмуродоваро шарҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки далелҳои асосӣ чист. Наздикони зан ҳам мегӯянд, дар ин бора чизи зиёде намедонанд. Пайвандони ӯ моҳи феврали имсол аз таъхир дар тафтиши парванда шикоят доштанд.
Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, ки Соҷида Саидмуродова бознишаста буд ва дар ҷое кор намекард. Ӯро моҳи сентябри соли 2023 замоне боздошт карданд, ки писараш Дилшод Саидмуродов, ба гуфтаи мақомот, ба Русия фирор кард.
Дилшод Саидмуродов як моҳ баъди боздошти модараш дастгир ва моҳи марти имсол ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ӯро ба рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси "Ориёнбонк", гунаҳкор карданд. Манобеи огоҳ дар Додгоҳ олӣ гуфтанд, зинаи болоии додгоҳ шикояти Дилшод Саидмуродов ва чанд гумонбари дигарро рад кард ва ҳукми онҳо ба иҷро даромад.
Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд. Ин қазия ба сабаби наздикии Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард.