Путин ҳангоми суханронӣ дар паради бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург гуфт, изҳороти мақомоти Вашингтон ва Берлин дар бораи нақшаи ҷойгир кардани муҷтамаъҳои мушакии амрикоӣ дар ҳудуди Олмон аз соли 2026 таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кардааст.
Ба гуфтаи Путин, дар сурати иҷрои ин нақша, иншооти муҳими низомӣ ва идораи давлатии Русия зери хатар қарор мегирад ва замони парвози мушакҳо ба ҳадафҳо дар қаламрави Русия “тақрибан 10 дақиқа” хоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки агар мақомоти Олмону Амрико нақшаи худро иҷро кунанд, Русия эъломи моратория ба ҷойгиркунии мушакҳои зарбазани миёна ва кутоҳпарвозро, аз ҷумла дар неруҳои соҳилӣ бекор мекунад.
Президенти Русия афзуд, ки коркарди нимзомҳои зарбазани миёна ва кутоҳпарвоз дар кишвараш дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.