Ссылки доступа

Путин фармони ихроҷи украинҳоеро дод, ки дар минтақаҳои ишғолӣ шаҳрвандии Русияро нагирифтаанд


Мариуполь, март 2023 года
Мариуполь, март 2023 года

Бино ба фармони нави президенти Русия Владимир Путин, украинҳое, ки шаҳрвандии Русияро нагирифтаанд, аз минтақаҳои ишғолшудаи кишвари худ ихроҷ мешаванд. Фармони мазкур дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Дар фармони мазкур омадааст, шаҳрвандони Украина, ки дар ҳудудҳои ишғолӣ зиндагӣ доранд, ё бояд шаҳрвандии Русияро пазиранд ва ё бояд расман аз қабули шаҳрвандӣ даст кашанд. Касоне, ки расман аз шаҳрвандии Русия даст мекашанд, шуруъ аз 1 июли соли 2024 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамчунин он сокиноне аз минтақаҳои ишғолии Русия ихроҷ мешаванд, ки агар "барои амнияти миллӣ хатар эҷод кунанд, тарафдори бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бошанд, фаъолиятҳои тундгароёна ва террористиро сармоягузорӣ ва ё дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштирок кунанд".

Аз ибтидои ҳамлаи густарда ба Украина, Русия вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожеи Украинаро ғасб ва он минтақаҳоро ҳудуди худ эълом кард. Бо ин вуҷуд қисмати зиёди ин вилоятҳо аз сӯи низомиҳои Украина идора мешаванд.

XS
SM
MD
LG