Бо ин ҳол дар минтақаҳои Русия таҳияи рӯйхати афроди боэътимоди Путинро шуруъ кардаанд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" ва хабаргузории РБК-и Русия рӯзи сешанбе бо такя ба манбаҳои худ хабар доданд.
Рӯзи 4 ноябр дар ВДНХ дар Москва намоишгоҳи "Русия" баргузор мешавад, ки дар он "дастовардҳо"-и ҳамаи минтақаҳои Русия, аз ҷумла минтақаҳои ғасбшуда нишон дода мешавад. Ба навиштаи "Коммерсантъ", аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ин намоишгоҳ Путин дар бораи иштирокаш дар интихоботи навбатии президентӣ хабар диҳад. Пештар Путин гуфта буд, ки тасмимашро дар бораи иштирок дар интихобот танҳо баъди таъйини расмии санаи интихобот эълом хоҳад кард. Санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Русия нимаҳои декабр эълом хоҳад шуд.
Конститутсияе, ки соли 2020 дар Русия қабул шуд, ба Путин иҷоза медиҳад, ду навбати дигар президент шавад. Айни замон вай ошкоро нагуфтааст, ки бори дигар номзад мешавад, вале ҳеч кадом аз ҳамсуҳбатони расонаҳо дар доираҳои ҳукуматии Русия шубҳа надоранд, ки Путин номзад хоҳад шуд.