Шабакаҳои телевизиони Русия шоми якшанбе мулоқоти Путин бо раиси Кумитаи тафтишотии он кишвар Александр Бастрикинро намоиш доданд. Бастрикин гуфт, дар ҳамла на танҳо Хадамоти махсуси Украина, балки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигар низ даст доранд.
Президенти Русия таркиш дар пулро "ҳамлаи террористӣ"-е номид, ки ба гуфтаи ӯ, ба аз байн бурдани зербиноии муҳим равона шудааст. "Муаллиф, иҷрогар ва фармоишгар Хадамоти махсуси Украина аст", - илова кард Путин.
Расонаҳои Русия бо такя ба Кумитаи зиддитерористии Русия навиштаанд, ки “субҳи имрӯз соати 6:07 дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бӯшкаи бензин шуд, ки ба Қрим мерафт.”
Мақомоти Русия гуфтанд, ки таркиши мошини бомбгузоришуда дар рӯзи 8-уми октябр сабаби қатъи ҳаракат шуд ва мақомоти Украина ишора кардаанд, ки таркиш кори дасти онҳост. Дар як видеое, ки дар гӯшаҳои украинии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, қатори оташгирифта ва як қисмати фурӯрафтаи роҳи мошингарди пул дида мешавад. Вайрон шудани пулро зарбаи сахте ба талошҳои Русия ба ҷанг дар Украина медонанд, чун пул яке аз роҳҳои асосии таъминоти сарбозони Русия аст.