Ссылки доступа

Путин тасмим дорад, ба Куриёи Шимолӣ сафар кунад


Владимир Путин, президенти Русия дар ояндаи наздик ба Куриёи Шимолӣ сафар кунад. Дар ин бора хабаргузории марказии Куриёи Шимолӣ иттилоъ медиҳад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин ин хабарро тасдиқ, аммо гуфт, санаи дақиқи сафар ҳанӯз маълум нест.

Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Куриёи Шимолӣ Тсой Сон Хи ба Русия сафар ва бо Путин ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот карда буд.

Нашрияи The Guardian бо такя ба мақомоти иктишофии Бритониё хабар дод, ки се киштии Русия дар бандарҳои Куриёи Шимолӣ бо "контейнер" пур карда шуда ва ба сӯи бандарҳои Русия дар Шарқи Дур ҳаракат кардаанд. Ҳаракати киштиҳо аз моҳи сентябр то декабри соли 2023 сурат гирифтааст. Мақомоти иктишофии Бритониё мегӯянд, маълум нест, дар "контейнерҳо" чӣ будааст.

Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ моҳи сентябри соли 2023 ба Русия сафар карда буд. Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Русия Лавров ба Куриёи Шимолӣ рафт.

Расонаҳои Ғарбӣ менависанд, эҳтимол дорад Ким Чин Ин бо мақомоти Русия дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ - аз ҷумла ирсоли аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ба Русия барои иҷтисода дар ҷанги зидди Украина гуфтугӯ кардааст. Ирсоли аслиҳа аз Куриёи Шимолӣ ба Русия хилофи таҳримҳои ғарбӣ зидди Куриёи Шимолӣ аст.

Мақомоти расмии Русия мустақиман дарёфти аслиҳаро аз Куриёи Шимолӣ рад накарданд.

XS
SM
MD
LG