Пештар тарзи содаи дарёфти шаҳрвандони Русия барои сокинони вилоятҳои Донетск ва Луганск, инчунин қисман вилоятҳои Херсон ва Запорожеи Украина амал мекард.
Дар фармони нав омадааст, ки шаҳрвандони Украина, ҷумҳуриҳои худхондаи шарқи Украина ва афроди бешаҳрвандие, ки ба таври доимӣ дар Украина истиқомат доранд, метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия, дар асоси тартиби содашуда, муроҷиат кунанд.
Дар вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтанд, ки фармони ахири Путин ҳамла ба истиқлоли Украина ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аст.
Пештар аз ин манобеи русиягаро хабар дода буданд, ки дар ҳудудҳои вилоятҳои Херсон ва Запорожеи Украина нуқтаҳои нашри шиносномаи Русия таъсис шудааст. Ин ду вилояти Украина қисман таҳти назорати неруҳои Русия қарор доранд.