Ссылки доступа

Путин дастур додааст, доктринаи ҳастаии Русияро ислоҳ кунанд


Владимир Путин, президенти Русия, таҳдид кард, ки агар ба Русия бо мушакҳои маъмулӣ зарба зананд, кишвараш метавонад аз бомби атомӣ истифода кунад.

Ӯ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, ки Маскав ҳаргуна ҳамларо ба хоки худ, ки бо пуштибонии як қудрати атомии дигар анҷом мешавад, ҳамлаи муштарак мешуморад.

Владимир Путин афзуд, амр додааст, ки доктринаи истифода аз аслиҳаи атомии Русия ислоҳ шавад, то иҷоза диҳад, ки дар сурати ҳамлаи васеъмиқёс ба кишвараш бо аслиҳаи маъмулӣ ҳам Русия тавонад аз бомбаи атомӣ истифода барад.

Путин дар ин бора дар замоне суҳбат кард, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз кишварҳои ғарбӣ хост, иҷоза бидиҳанд, то бо мушакҳои онҳо ба хоки Русия зарба занад.

Амрико бо назардошти пешгирӣ аз шиддат гирифтани ҷанг чунин иҷозаро надодааст, вале рӯзҳои охир гумонзаниҳо дар бораи тағйир ёфтани ин сиёсат зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG