Ссылки доступа

Путин ба Тоҷикистон ва Туркманистон сафар мекунад


Путин, Рахмон и Лукашенко, июнь 2019 года
Путин, Рахмон и Лукашенко, июнь 2019 года

Ҳафтаи ҷорӣ президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ва Туркманистон сафар мекунад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар сафари нахустини хориҷияш аз замони таҷовузи Маскав ба хоки Украина, рӯзи 28-уми июн ба Душанбе меояд. Сухангӯйи Кремлин гуфт, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти як ба як хоҳад дошт, аммо нагуфт, ки дар бораи чӣ. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Коршиносон тахмин мезананд, ки давр задани таҳримҳои Ғарб, ҷанг дар Украина ва вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои эҳтимолии баҳс хоҳанд буд.

Дар бораи сафари Путин ба Душанбе рӯзи 26-уми июн телевизиони "Россия 1" хабар дод. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, рӯзи 27-уми июн сафари раисиҷумҳури Русияро тасдиқ кард ва онро корӣ номид. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар умури байнулмилалӣ, гуфт, раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. "Табиист, ки масъалаҳои муҳим дар бахши иқтисоду тиҷорат, низомӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд," – афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе барномаи сафари раисиҷумҳури Русия ошкор накарданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон танҳо гуфтанд, "сафари Путин як рӯз давом мекунад".

Баъд аз сафари Тоҷикистон Путин ба шаҳри Ишқободи Туркманистон меравад ва дар саммити Каспий бо иштироки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистон ширкат мекунад.

Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла ИМА ва Канада, баъди ҳамлаи Русия ба Украина, вуруди Путинро ба ҳудуди худ манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG