Ссылки доступа

Таҳқиқот муайян кард, киштии бо арзиши $583 млн туҳфаи солинавии сарватмандон ба Путин аст


"Шахерезада" на стоянке в Италии
"Шахерезада" на стоянке в Италии

Киштии "Шаҳризода", ки дар Италия ба ҳабс гирифта шудааст, бо харҷи 583 млн евро сохта шудааст. Ин киштӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳо ба раиси пешини ширкати "Роснефт" Эдуард Худайнатов тааллуқ дорад.

Сарватманди русиягӣ киштии мазкурро ба президенти Русия Владимир Путин дар соли нав туҳфа кардааст. Дар ин бора дар таҳқиқоти рӯзноманигории маркази "Досе" хабар дода шудааст.

Киштии бузург моҳи майи соли ҷорӣ дар соҳили Марина ди Каррара дар Италия ба ҳабс гирифта шуд. Мақомоти Италия онро бо гумони тааллуқ доштан ба сарватмандони шомили рӯйхати таҳримҳои зидди Русия ҳабс карданд. Худайнатов дар номае ба мақомоти Италия навишт, ки киштӣ аз они ӯст. Ба ҷуз ин, ба номи Худайнатов ду киштии дигар сабт шудааст, ки ҳар ду ҳам қимати гарон доранд. Яке аз ин киштиҳо дар ИМА ва дигарӣ дар Испания ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар пажуҳиши муштараки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо омадааст, Худайнатов то он ҳад сарватманд нест, ки соҳиби ҳамаи ин киштиҳо бошад. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо муайян кардаанд, ки харҷҳои марбут ба сохтмони киштиро дар Олмон панҷ ширкат пардохтааст.

Дар таҳқиқоти журналистӣ омадааст, маблағ барои туҳфаи солинавии Путинро сарватманди русиягӣ Геннадий Тимченко ҷамъ овардааст. Номи туҳфакунандагони дигар маълум нест. Пештар дар бораи он ки "Шаҳризода" ба Владимир Путин тааллуқ дорад, дар таҳқиқотҳои дигар ҳам зикр шуда буд.

Рӯзи 7 сентябр Путин гуфт, ҳабси дороиҳои русиягиҳо дар хориҷ "барои ҳама дарс шуд". Ба гуфтаи вай, агар соҳибкорони Русия киштиҳояшонро дар дохили Русия нигаҳ медоштанд ва дороиҳояшонро ба хориҷ намебурданд, "чизеро аз даст намедоданд".

XS
SM
MD
LG