Ссылки доступа

Пажуҳиш: Русия гандуми аз Украина рабудаашро тавассути Қрим интиқол медиҳад


Русия маҳсулоти ғизоии аз Украина рабудаашро ба Қрими ишғолӣ интиқол ва аз он ҷо ба Туркия, Миср ва Сурия мерасонад.

Пажуҳишгарони барномаи "Схема"-и Радиои Озодӣ, Би-би-сӣ ва Reuters ба чунин хулоса расидаанд.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия аз ҳудудҳои ғасбкардааш ҳадди ақал 400 ҳазор тона гандумро ғорат кардааст.

Рӯзноманигорон мушоҳида кардаанд, ки аз Қрим соли ҷорӣ нисбати ба солҳои пешин миқдори зиёдтари гандум содир мешавад. Ин миқдор гандум дар Қрим ҳосил намешавад ва имкон надорад, ки тавассути пулис сохтаи Русия ба Қрим интиқол дода шуда бошад. Рӯзноманигорон мегӯянд, гандумро тавассути мошинҳои боркаш аз ҳудудҳои ғасбшудаи Украина ба Қрим мебаранд.

Аз Қрим гандум тавассути киштиҳо ба Туркияву Мисру Сурия интиқол мешавад.

XS
SM
MD
LG