Ссылки доступа

Иктишофи Украина Украина сомонаи вазорати мудофиаи Русияро рахна кардааст


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Рахнагарони интернетӣ аз мақомоти иктишофии Украина пойгоҳҳои иттилоотии вазорати мудофиаи Русияро ҳамла кардаанд.

Мақомоти иктишофии Украина гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи киберӣ сомона, суроға ва телефонҳои IP-и вазорати мудофиа, инчунин пойгоҳи табодули номаҳои электронии ин вазорат дастнорас шудаанд.

Рахнагарони интернетӣ субҳи 4 март ба пойгоҳҳои интернетии вазорати мудофиаи Русия ҳамла кардаанд. Рахнагарон ба иттилои маҳрамонаи ин вазорат даст ёфтаанд.

"Гап дар бораи фармонҳо, ҳисоботҳо, дастурҳо, гузоришҳо ва дигар санадҳое меравад, ки миёни бештар аз 2 ҳазор ниҳоди тобеи вазорати мудофеаи Русия дар гардиш буданд", - хабар доданд мақомоти иктишофии Украина.

Пештар аз ин низ рахнагарони украин ба пойгоҳҳои иттилооти ниҳодҳои Русия ҳамла карда буданд.

XS
SM
MD
LG