Ссылки доступа

Бозсозии роҳе, ки Тоҷикистонро ба Узбекистон наздиктар мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сафараш ба шимоли кишвар рӯзи 10-уми сентябр ба сохтмони роҳе шинос шуд, ки то Узбекситон мебарад.

Бозсозии ин роҳ моҳи марти соли 2023 аз шаҳри Конибодом то деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз гардид ва қарор аст он то як соли дигар ба истифода дода шавад. Ин роҳ вилояти Фарғонаро бо вилояти Тошканди Узбекистон тавассути чанд ноҳияи шимолии Тоҷикистон наздик месозад ва асосан барои равнақи тиҷорати минтақа сохта мешавад. Барои тезтар анҷом ёфтани корҳои роҳсозӣ он ба чор қисмат тақсим шудааст. Вале як қисмати он наздик ба ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аст, ки то чанд моҳ пеш аз оғози кор муноқишаи марзӣ ҷараён дошт. Ҳоло масъулони идораи нақлиёти вилояти Суғд мегӯянд, ки дар сохтмони роҳ ба мувофиқа омадаанд.

Музаффар Тоҳиров, раиси Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди вилояти Суғд гуфт: “Дар инҷо як роҳ аст, ки 9,3 километр дарозӣ дорад ва аз деҳаи Хистеварз мегузарад. Чихеле ба шумо маълум аст, солҳои пеш ин минтақа дар тавозуни роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом қарор дошт. Мо он роҳҳоро нигоҳубин мекардем. Ҳоло ин роҳҳо пурра ба ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст ва ҳамчунин аз тарафи чап, 20 метр низ ба ҳудуди мо гузаштааст. Фақат имзо гузоштани санадҳо дар назар аст.”

Мавқеи ҷониби Қирғизистон ба ин гуфтаҳо маълум нест. Дар ҳамин ҳол ташаббускорони ин лоиҳа мегӯянд, роҳи мазкур аҳамияти байналмилалӣ дорад ва бо маблағгузории Бонки Ҷаҳониву ҳукумати Тоҷикистон сохта хоҳад шуд. Роҳи мазкурро ширкати чинии “China Railway” бозсозӣ мекунад. Ин роҳ аз чор ноҳияи марзии вилояти Суғд мегузарад ва бештар аз 50 километр тул дорад. Дар чанд минтақаи марзӣ ин роҳро, ки хароб аст, сокинони ду кишвар якҷоя истифода мебаранд ва ин борҳо боиси низоъ гардидааст. Ҷойе аз як тараф ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва аз тарафи дигар деҳаҳои Арқа ва Борбордуки Қирғизистон ҷойгир шудаанд. Масъулони Вазорати нақлиёт мегӯянд, дар ояндаи наздик ин роҳ низ ба пуррагӣ аз ҷониби Тоҷикистон бозсозӣ хоҳад шуд.

Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи вилояти Суғд гуфт, ин роҳро пурра таъмир мекунанд ва маҳсулот барои бозсозӣ дастрас шудааст.

Масъулони Вазорати нақлиёт умед доранд, ки дар ҷараёни амалишавии ин лоиҳа кори комиссияи таъину аломатгузории марз ба поён мерасад ва монеае барои сохтмони роҳ ба вуҷуд намеояд. Ҳоло мегӯянд, баҳсҳо поён ёфта ва минтақаҳо муайян гардидаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 980 километр хати марз дорад, ки аз он ба гуфтаи мақомдорони Тоҷикистон беш аз 94 дарсадаш муайян шудааст. Мақомдорони Қирғизистон ҳам дар ин авохир борҳо аз наздик ба интиҳои кори Комиссия ба расонаҳо хабар доданд. Даъво сари дастрасӣ ба замину роҳу чарогоҳ, ки замоне ба ҳамдигар иҷора дода шуда, баъдан аз худ гардидаанд ва ҳам сари манбаъҳои об боиси кашокашҳои марзӣ шудаанд. Номуайянии марз ҳамчунин сабаби ҷангу ҷидол барои пешгирӣ аз сохтани биноҳо, таъмири роҳ ё кашидани лули оби ошомиданӣ гаштааст.

XS
SM
MD
LG