Ин иттилоъро сафорати Русия дар Индонезия ҳам тасдиқ кардааст. Аммо ҳарду манбаъ таъкид кардаанд, ки эҳтимол дорад, Путин дар яке аз мулоқотҳо, ки дар доираи ҳамоиш доир мешавад, ба сурати онлайн иштирок намояд.
Русияро дар ҳамоиши Балӣ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ хоҳад кард. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба ТАСС хабар додааст.
Моҳи июл дар конфронси вазирони корҳои хориҷии G20, ки ҳамчунон дар Балӣ баргузор шуда буд, Сергей Лавров қабл аз муҳлат кори нишастро тарк намуд.
Пеш аз ин мақомоти Индонезия гуфта буданд, ҳатто дар сурати фишор аз сӯйи кишварҳои дигар даъватномаи Русияро пас нахоҳанд гирифт.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 3 ноябр изҳор дошт, дар сурати ҳузури Владимир Путин аз иштирок дар ҳамоиш даст мекашад. Аммо 8 ноябр Киев тасдиқ кард, ки Зеленский дар ин нишаст иштирок мекунад. Ба эҳтимоли зиёд ҳузури ӯ онлайн сурат мегирад.
Дар ҳамоиши G20 дар Балӣ Ҷо Байден, президенти ИМА ва Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ҳам ширкат меварзанд. Байден пештар гуфта буд, ки мавзӯи Украинаро дар миён мегузорад.