Наздикони маҳкумшуда дар суҳбат бо тарҳи "Мигрант медиа" гуфтаанд, ки Мухтор уулуи 28-соларо бо роҳи фиреб ба ҷанг фиристода буданд ва ӯ дар задухӯрдҳо бевосита иштирок накардааст.
Ба гуфтаи падари Мухтор уулу, писари ӯ 10 соли ахир барои кор ба Русия мерафт ва бори ахир моҳи июни соли 2022 ба он кишвар сафар карда буд.
Дертар маълум шудааст, ки Куштарбек Мухтор уулу баъди қарздор шудан розӣ мешавад, ки бар ивази маблағ ба артиши Русия пайвандад. Ба гуфтаи пайвандони Мухтор уулу, ба вай 3 миллион рубл ваъда дода буданд.
"Аммо баъди дарёфти 3 миллион рубл ду афсари доғистонӣ ӯро бо тапонча таҳдид ба қатл карда, 2 миллиону 2 ҳазорашро мегиранд. Сипас писарам маҷбур мешавад, ки аз қисми низомӣ фирор кунад. Ӯ ба сафорати Қирғизистон дар Русия рафта, мегӯяд, ки шиносномаашро гум кардааст ва ба ватан бармегардад".
Ба гуфтаи наздикон, Мухтор уулу ҳамагӣ ҳудуди ду моҳ дар Украина будааст. Волидони ҷавон худашон ба Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафта, моҷароро нақл мекунанд. Ӯро моҳи феврал ба ҳабс мегиранд.