Расонаи "Важные истории" навиштааст, танҳо онҳое ба саффи Горди миллии Русия қабул карда мешаванд, ки барои ҷиноятҳои сабук ва миёна дар ин кишвар маҳкум ба зиндон шуда буданд.
Ширкати хусусии низомии "Вагнер" тобистони соли гузашта, баъди шикасти чандинбораи низомиёни рус дар қаламрави Украина ҷалби маҳбусонро ба саффи худ аз зиндонҳои Русия оғоз карда буд. Ба маҳбусон бар ивази шаш моҳи ҷанг алайҳи Украина озодӣ ваъда мешуд.
Бино ба арзёбиҳои гуногун, "Вагнер" аз 50 то 70 ҳазор маҳбусро ба саффи худ ҷалб карда буд. Ба гуфтаи раҳбари вақти "Вагнер" Евгений Пригожин, 32 ҳазори ин маҳбусҳо гӯиё аз ҷанг зинда баргашта, авф шудаанд.
Ахиран паёмрасони марбут ба "Вагнер" хабар дод, ки "дар робита ба ҳодисаҳои ахир" ин ширкат "муваққатан ҷалби ҷангҷӯёнро қатъ мекунад".