Ссылки доступа

Ҳамлаи бесарнишинҳои Русия ба вилоятҳои Украина


Неруҳои Русия шаби 21 ба 22 март тавассути бесарнишинҳои камикадзеи "Shahed" ба Украина ҳамла карданд. Дар натиҷа се сокини осоишта ҷон бохта, ҳафт тани дигар, аз ҷумла як кудаки 11-сола захмӣ шудааст.

Дар вилоятҳои Киев, Чернигов, Сумская, Полтава, Черкассӣ, Житомир ва Хмелнитскийи Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шудаааст ва низомҳои зиддиҳавоӣ фаъол гаштаанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Киев, яке аз бесарнишинҳои неруҳои Русия иншооти маданиеро ҳадаф қарор додааст, ки дар натиҷа се сокини осоишта кушта ва ҳафт тани дигар, бо шумули кудаки 11-сола ҷон бохтааст.

Дар фармондеҳии Неруҳои мусаллаҳи Украина гуфтанд, ки низомиёни Русия аз ҳудуди вилояти Брянск бо 21 бесарнишини камикадзеи навъи "Shahed-131/136" ҳамла карданд. 16 тои онҳоро украиниҳо тавонистаанд сарнагун созанд.

XS
SM
MD
LG