Телеграм-канали “Осторожно новости” навиштааст, ки маъмурони пулис аллакай дар асоси маълумоти пешниҳод кардаи ин "бот" 42 рейд ё тафтиш гузаронидаанд.
Дар натиҷаи яке аз ин рейдҳо 100 муҳоҷир ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 32 тани дигарро ихроҷ кардаанд.
Қарори таъсиси ин "бот" дар нишасте бо ширкати мақомоти маҳаллӣ ва пулис гирифта шудааст. Дар ин нишаст ҷилавгирӣ аз нақзи қонуни муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд. Сокинони маҳаллӣ аз ин ба баъд метавонанд дар бораи хонаҳое, ки муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, ба "бот" хабар диҳанд ва он дар навбати худ маълумотро ба пулис хоҳад расонд.
Дар Русия фишору азияти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Садҳо муҳоҷири тоҷик низ аз таҳқиру озору азият дар Русия шикоят мекунанд.Тафтишҳо пас аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл" дар моҳи март афзуд.Аз аввали сол ҳазорон тоҷикистонӣ ба Русия роҳ наёфтанд ва ҳазорон нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд.